АШТ: БОЗДИД АЗ СОХТУМОНИ МАЙДОНЧА ВАРЗИШӢ ВА БУНЁДИ РОҲ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АШТ

 790 боздид

Дар идомаи сафари корӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз рафти мумфаршкунии кучаҳаи деҳаи Дӯстӣ ва сохтумони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт дидан намуданд.

Бойд қайд намуд, ки майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкор Эргашов Равшан барои насли наврас сохта ба истифода дода мешавад.

Баъдан Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт суҳбат намуда зикр карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид кардаанд “Ба ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад”.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.