Дар идомаи сафари корӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз сохтумони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 ва 41-и Ҷамоати деҳоти Ориён дидан намуданд.
Зимни боздид Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба мардуми шарафманди Ҷамоати деҳоти Ориён барои сохтани чунин бинои замонавӣ барои насли наврас миннатдорӣ намуданд.
Баъдан аз корҳои таъминоти оби нушокӣ ба аҳолии деҳаи Лабидаре боздид намуда, бо сокинони маҳал оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои ҳосилхез, захираи дусолаи хурока ҳарф заданд.
Инчунин, аз сохтумони туйхонаи замонавӣ низ дар маркази Ҷамоат дидан намуданд.