Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар идомаи сафари корӣ бо Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз сохтумони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ва боғи интенсивии “Ибрат” дидан намуданд.
Зимни боздид Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба мардуми шарафманди Ҷамоати деҳоти Понғоз барои бо роҳи ҳашар сохтани чунин бинои замонавӣ барои насли наврас миннатдорӣ намуданд.
Дар суҳбат мардуми Ҷамоати деҳоти Понғоз қайд карданд, ки дастуру супориш ва корнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи корӣ худ карда, барои ободи диёри хеш саҳми худро гузошта истодаанд.
Сипас, аз боғи интенсивии “Ибрат” дидан намуда, барои зиёд намудани чунин боғҳои интенсивӣ дастуру супоришҳо доданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия