Имрӯз, 22.07.22 Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади шинос шудан бо шароити хизматию маишӣ ба қисмҳои низомӣ боздиди корӣ анҷом дод.
Роҳбари ноҳия дар ҷараёни ташриф бо сарбозону ҳомиёни Ватан сӯҳбати озоду самимӣ анҷом дода, гуфт:
“Суботи миллӣ, истиқлоли давлатӣ, оромиву ободӣ бо хизматҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст ва ҳар яки мо муваззаф ҳастем онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мардуми шарифи Тоҷикистон туфайи мардони шуҷои дар фазои ободу озод зиндагӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор мегузорад, ки маҳаки ин пешравиҳо тинҷи аст.”
Баъдан, боздид аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия поён ёфт.
Суратгузориш аз рафти боздид