АШТ: ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА  28-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ.

 2 749 боздид

Имрӯз, дар толори МДВ “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”

бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фарорасии Соли Нави мелодӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазо, раиси ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, фаъолон, аъзоён ва собиқадорони ҳизб ва  дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз роҳбари ҲХДТ дар ноҳия бо баромади худ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид.

Баъдан, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазо баромад намуда, вобаста ба рушду нумӯи давлат ва фароҳам омадани имкониятҳои васеъ дар давлатдории навини тоҷикон ҳарф зад.

Сипас, Раиси ноҳия ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният намуд.

Боиси қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи муборизаҳои шадиди сиёсӣ, зиндагии душвори сокинони кишвар ба майдони мубориза ворид гардида, марҳилаҳои вазнинро тай намуд, обутоб ёфт ва дар ҷомеа мақом пайдо кард.

Дар замони истиқлол зери роҳбарии  Пешвои муаззами миллат рӯ ба рушд аст. Тавре аз Паёми роҳбари давлат шунида шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 –ро бо дастоварҳои назаррас ҷамъбаст намуд, ки боиси ифтихори мост. Аз дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ илҳом гирифта, ноҳияи Ашт соли сипаришавандаро бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом мерасонад.

«Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2022 мувофиқи ноҳия ба маблағи 57 миллиону 120 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл 59 миллиону 382 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 104 фоизи нақша буда, нисбати он 2 миллиону 262 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба буҷет 11 миллиону 730 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 24% зиёд маблағ ворид гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” барои таъмини рушди минбаъдаи он, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2022 дар соҳаи саноат ба маблағи 288 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 75 млн. сомон зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари 135 фоиз мебошад.

Дар ин давра аз 20 корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 18 ададашон фаъолият намуданд ва 17 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Истеҳсоли ҳамаи 17 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда, нисбати соли гузашта зиёд шудааст.

Соҳаи пахтакорӣ — соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон дар майдони 6 ҳазору 323 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта новобаста аз номусоид омадани обу ҳаво тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд.

Дар давоми мавсим барои саривақт иҷро намудани дурнамои солонаи истеҳсоли пахта, ки ба миқдори 17 ҳазору 300 тонна муқаррар карда шудааст, ба миқдори 18 ҳазору 729 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардида, ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 108,3 фоизи дурнамои солона мебошад.

Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия соли равон 30 сентнериро ташкил менамояд, ки нисбати нишондиҳандаи нақшавӣ 2,3 сентнерӣ зиёд мебошад. Дар байни хоҷагиҳои пахтакори вилоят баландтарин нишондод мебошад.

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2022, №311, қарори раиси вилояти Суғд ва қарори раиси ноҳия “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расидааст.

Аз рӯи нақшаи 35 -солагӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Ашт дар давоми солҳои 2022-2026 сохтмон, бунёд, азнавсозӣ ва таъмири 264 иншоотҳои ҷашнӣ бо арзиши 334 млн. 109 ҳазор сомонӣ бо ташкили 1128 – ҷойҳои кории нав ба нақша гирифта шудааст.

Бояд зикр кард, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар муҳлати муқараргардида босифат иҷро гардид.

Барои саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат аъзо ва фаъолони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ба мутахассисоне, ки мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар ноҳия Аштро хатм намуданд, дар вазъи тантанавӣ Диплом тақдим карда шуд.

Аз тарафи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазо ба якчанд ҷавонони ба сафи ҳизб аъзошаванда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Бо барномаи фарҳангии рангоранг ба чорабинӣ  ҳусни анҷом бахшида шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.