АШТ: Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ дар ноҳия баргузор гардид.

 131 боздид
14.12.2024 вақт: 9:00
Бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷанги
ӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин омодагии захираҳои ҳайати афсарию шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта санаи 14-уми декабри соли 2024 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт чорабинӣ оид ба омодагии мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд.
Дар мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ кормандони мақомоти низомӣ, мардони аз 18 то 55 солаи дар ҳайати захирабуда фаъолона ширкат варзиданд.
Инчунин, беш аз 400 техникаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳолати омодабошӣ тайёр карда шуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии ноҳия дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии руҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад.
Нахуст, аз рафти омодабошӣ генерал–лейтенант Эмомалӣ Собирзода- сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи мамлакат, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия шиносоӣ намуданд.
Генерал –лейтенант Эмомалӣ Собирзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи мамлакат бо кормандони мақомоти қудратӣ, фаъолон, инчунин шаҳрвандони касбу кори гуногуни дар ҳайати захирабуда сўҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Дар маросими ҷамъбастии чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ генерал –лейтенант Эмомалӣ Собирзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ ҳарф заданд.
Дар фарҷом сокинон бо як овоз иброз доштанд, ки ҳамеша баҳри поси марзу буми муқаддаси кишвар комилан омода ҳастанд ва ҳамеша ба Пешвои муаззами миллат содиқона фаъолият менамоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.