АШТ: ЧОРВОИ ХУШЗОТ  БА МУАССИСАИ ХОҶАГИИ ДАВЛАТИИ ЗООТПАРВАРӢ БА НОМИ ТӮЙЧӢ ЭРЙИГИТОВ  ОВАРДА ШУД

 381 боздид

Имруз, 03  май бо мақсдаи иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Федератсияи Русия ба ноҳияи Ашт 86 сар чорвои хушзот ворид шуд. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов дар муассисаи хоҷагии давлатии  зоотпарварӣ ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов роҳандозӣ гардида, ҳадаф зотивазкунии  чорвои шохдори маҳаллӣ бо чорвои зоти калони шохдор аст. Ҳоло ба Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт се насли чорвои зотӣ: “Сементал”, “Герефорд” ва “Чорно пиёс” оварда шуд. Зимни сӯҳбат Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иқдоми пешгирифта ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки ин амал метавонад дар самти фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат намояд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.