АШТ: Дар бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷойи дуюмро сазовор гардид.

 4 924 боздид
23 октябр дар маркази вилоят бо иштироки роҳбарияти вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун ҷамъбасти бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодии вилоят ба шумор рафта, рушди минбаъдаи он ба таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ, зиёд гардидани ҳаҷми содирот, воридоти асъори хориҷӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои корӣ мусоидат менамояд.
Таъкид карда шуд, ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 сентябри соли 2023, №267 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2023» санаи 1 октябри соли равон бистрўзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуда буданд. Имрӯз бошад бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он собит кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ барои пешқадамӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пуршиддат буд.
Дар бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ дуюмро заркорони ноҳияи Ашт соҳиб шуданд. Дар ноҳияи Ашт 11439 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 80,5 дарсади нақша баробар мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ин давра деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои “Абдуқаҳҳор”-и ноҳияи Ашт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Бобо Ибод”-и ноҳияи Зафаробод, “Сангин Қуддус”-и ноҳияи Мастчоҳ, “Сазовор”-и шаҳри Конибодом, “Шаҳриёри Спитамен”-и ноҳияи Спитамен, “Ҳоҷӣ Ҳотамбек”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар маҷмўъ дар миқёси вилоят беш аз 8000 хоҷагӣ ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки ташкили дурусти кор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақиятҳо мебошад.
Раиси вилоят ғолибони мусобиқаи меҳнатиро табрик гуфта, ба раисони навоҳии пахтакор дастур дод, ки саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиён дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта фаъолона ширкат варзида, кўшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳосил пурра ҷамъ оварда шавад.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Ашт дар бистрӯзаи якуми мавсими пахтачинӣ ҷойи аввалро сазовор гардида буданд. Кунун аз ҷиҳати ҷамъоварии пахта ноҳия дар ҳудуди вилоят ҷойи аввалинро ишғол мекунад.
Кишоварзони ноҳия азм доранд, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ дурнамои ҳосили пахтараро аввалин шуда иҷро намоянд.
(сарчашма: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд)

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.