Дар натиҷаи сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат сокинони шарафманди ноҳия талош доранд ҳар гӯшаи ноҳияро ободу зебо намоянд. Дар идомаи ташаббуси роҳсозии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода сокинони деҳаи Пискокати Ҷамоати деҳоти Ашт мумфаршкунии роҳи деҳаро оғоз намуданд.
Имрӯз роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба деҳаи дурдасти Пискокат ташриф оварда дар оғози мумфаршкунӣ иштирок намуд ва бо сокинони деҳа мулоқоти самимӣ анҷом дода, бобати дастовардҳо ва натиҷаҳои назарраси ноҳия дар соли 2024 сухан гуфт.
Ба Раиси ноҳия баён карда шуд, ки баъд аз ташаббуси роҳсозии Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷавонони бо нангу номуси деҳа дар як ҳафта без аз 3 миллион сомонӣ сарҷамъ намуда, беш аз 6 километр роҳи деҳаро асфалтпуш карда истодаанд.
Бунёду таҷдиди роҳ кори муҳиму арзишманд ва савоб аст. Тавре мушоҳида мешавад, дар дигар деҳаҳои ноҳияи Ашт низ ин иқдом бо маром идома дорад.
Роҳбарияти ноҳия пайваста иқдомҳои созандагиву бунёдкории сокинонро дастгирӣ намуда, аз ҷиҳати техникаву дигар воситаҳо барои сохтмону асфалтпӯш намудани роҳ кӯмаки амалӣ расонида истодааст.
Дар фарҷом Раиси ноҳия бобати пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии фарҳанг ва либоси бегона, риояи танзими анъана сухан гуфт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия