АШТ: ДАР ФУРӮШИ ДОРУВОРӢ ВА МАВОДИ ТИББӢ ҲАДДИ ЭЪТИДОЛРО РИОЯ КУНЕД!

 356 боздид

Имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо роҳбарони тамоми дорухонаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Роҳбари ноҳия ба масъулин ҷиҳати ба танзим даровардани арзиши маводи тиббӣ, пешгирии баландшавии нархҳо ва харидуфурӯши ғайриқонунии дорувориву дигар маводи тиббӣ ва бад ин васила шароити беҳтар фароҳам овардан барои табобати беморон муроҷиат намуд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, тамоми дорухонаҳои ноҳия дар мувофиқа бо ҳам ва бонавбат муддати 24 соат, яъне шабонарӯзӣ дар хизмати мардум қарор гиранд ва нагузоранд, ниёзмандон ҷиҳати дарёфти доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ ба душворӣ дучор гарданд.
—Дар ин рӯзҳои вазнин ва ҳассос ҳар нафар, бахусус, шумо, масъулини дорухонаҳо бовиҷдонона кор кунед, дар фурӯши доруворӣ ҳадди эътидолро риоя намоед,—таъкид дошт роҳбари ноҳия.
Таъкид гардид, имрӯзҳо Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус—Ковид-19 шабонарӯзиву пайваста фаъолият менамояд ва иҷрои дастуру супоришҳои бозгӯшуда ҳатмӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ноҳияи Ашт 32 дорухонаҳо, аз ҷумла, дар маркази ноҳия—шаҳраки Шайдон 7 дорухонаҳо фаъолият доранд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.