АШТ: Дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод нақшаи истеҳсоли пахта 100 дарсад иҷро шуд.

 326 боздид

Кишоварзони олиҳиммати Ҷамоати мазкур бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тамоми нерӯву заҳмати худро равон намуда, дар майдони 300 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд.
Заркорони Ҷамоат бо сари баланд нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100 дарсад иҷро намуда, ба хирман 670,8 тонна тиллои сафед супориданд.
Хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоат ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки то охири мавсим ба корхонаҳои коркарди пахта боз зиёда аз 130 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, дар иҷроиши нақшаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъоварии ҳосил дар боқимонда ҷамоатҳои деҳоти пахтакор муташаккилона идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.