АШТ: ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОРИЁН ВАРЗИШГОҲ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

 178 боздид

Ба сокинони ҷамоати деҳоти Ориён бо иқдоми соҳибкор Маҳмадсолеҳ Холиқов варзишгоҳи замонавӣ туҳфа гардид.

Дар расми кушодашавии он Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ширкат намуд. Қайд карда шуд, бунёди чунин иншооти замонавӣ воқеан ҳадяи арзандаест, дар арафаи Соли нави милодӣ.

Бояд зикр намуд, то ин замон дар ноҳия 16 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла 11 адад майдончаҳои хурди варзишӣ, 4 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ рӯйи кор омадаанд.

Иқдоми соҳибкор Холиқов Маҳмадсолеҳ, ки бо харҷи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ба ҷавонони варзишдӯсти деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Ориён чунин варзишгоҳи замонавиро ҳадя намуд, боиси суруру қаноатмандист.

—Чанд сол инҷониб ният доштам, барои аҳли сокинони ҷамоат як майдончаи замонавии варзишӣ бунёд намоям,—гуфт М.Холиқов, ки худ дӯстдори варзиш аст.  –Хушбахтона, имрӯз ин орзуям амалӣ гардид. Акнун варзишгарону варзишдӯстони ҷамоат метавонанд, дар ин ҷо тамрин намоянд. Ва аз ҳама муҳимаш як ҷо ҷамъ шаванд. Ба роҳбарияти ноҳия барои ширкат намудан дар расми кушодашавии он ва дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипос менамоям.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.