АШТ: ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПОНҒОЗ МУМФАРШИ РОҲ ТАРИҚИ ҲАШАР ДАВОМ ДОРАД.

 264 боздид

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоат корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза меёбад. Аз ҷумла, дар идомаи ташаббуси роҳсозии Раиси ноҳия сокинони бо нангу номуси Ҷамоати деҳоти Понғоз дар нақша доранд беш аз 43 клометр роҳро тариқи ҳашар мумфарш карданд  ва ин раванд идома дорад.

Бо мақсади шиносои бо ҷараёни мумфарши роҳ ба деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, роҳбари ноҳия бо мардуми меҳнатқарини Ҷамоат дар оғози кор сӯҳбати самимӣ анҷом дода, барои дастгирии ташаббуси Раиси ноҳия изҳори сипос намуд.

Барои муттаҳид будан ва саҳмгузорӣ дар ободии роҳу диёр  ба мардуми солори Ҷамоати деҳоти Понғоз Раиси ноҳия ибрози сипос кард.

Баъдан, мардум аз таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбари ноҳия миннатдории худро баён намуда, иброз намуданд, ки ҳамеша дар паҳлӯи раиси мардумӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳастанд ва дар ободии ватани азиз саҳмгузорӣ мекунанд.

Ҳоло дар деҳаҳои  Бободархон-20 километр,  Бурак-12 километр, Шахак — 7 километр, Қалъа — 2.5 километр,  Хиштхона — 1 километр ва дар дигар деҳаҳо идома дорад.

Барои хушсифат ва саривақт иҷро намудани корҳои роҳсозӣ техникаҳои хурду бузург сафарбар гардидааст.

Чунин инқдоми мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Понғоз дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Меҳробод, Пунук, Ошоба, Ориён, Ашт, Меҳробод, Ифтихор идома дорад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.