Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоат корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза меёбад. Аз ҷумла, дар идомаи ташаббуси роҳсозии Раиси ноҳия сокинони бонангу номуси Ҷамоати деҳоти Понғоз дар нақша доранд, ки беш аз 10 километр роҳро тариқи ҳашар мумфарш хоҳанд кард ва ҳоло беш аз 20 километр мумфарш шудааст.
Бо мақсади шиносоӣ бо рафти ҷараёни мумфаршкунии роҳ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, ба деҳаи Бободархон сафари корӣ ба амал овард.
Нахуст, роҳбари ноҳия бо мардуми меҳнатқарини Ҷамоат дар оғози кор суҳбати самимӣ анҷом дод.
Роҳбари ноҳия барои муттаҳид будан ва саҳмгузорӣ дар ободии роҳу диёр миннатдории худро ба мардуми Ҷамоати деҳоти Понғоз иброз дошт.
Баъдан, мардум аз таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбари ноҳия сипосмандии худро баён карда, иброз намуданд, ки ҳамеша дар паҳлӯи раиси мардумӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳастанд ва дар ободии ватани азиз саҳмгузорӣ мекунанд.
Фаъолони деҳаи Бободархон ва маҳаллаи Бурак аз ҷониби Раиси ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Барои саривақт иҷро намудани корҳои роҳсозӣ техникаҳо сафарбар гардидааст.
Чунин иқдоми мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Понғоз дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия