Санаи 18 — уми марти соли равон, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 36 таҳти раёсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ситоди корӣ баргузор гардид. Дар ситод муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба иншоотҳои ҷашнӣ, роҳбарият ва кормандони Ҷамоати деҳоти Понғоз, сардухтури беморхонаи минтақавӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, вакилони Ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолон, занон, ҷавонон, собиқадорон ва сокинони касбу кори гунонун ширкат варзиданд. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҷиҳати омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ барои ифтитоҳи расмӣ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дода шуд.