АШТ: ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУНУК ЧАНД ИНШООТ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

 157 боздид

Дар маҳаллаи Дӯстӣ-Толонаки ҷамоати деҳоти Пунук Пули мошингузар, ки деҳаҳои Пунук ва Сариҳавзро ба ҳам мепайвандад, ба истифода супурда шуд.

Мавриди суханронӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо қайд кард, дар ин кори хайр, ки бо сарфи беш аз 20 ҳазор сомонӣ пешниҳоди мардум гардид, саҳми яке аз фардони сахопешаву ватандӯст Билолиддин Саҳобиддинов хеле калон аст. Б.Саҳобиддинов қарор кард, маблағи барои сафари Ҳаҷ ҷамъовардаашро ба ин кори хайр масраф намояд. Акнун барои мардуми ду деҳа шароити хуб фароҳам омад, ки барои дидорбинии ҳамдигар ва ҳамчунин дигар корҳои худ аз ин роҳи қулай истифода баранд.

Дар ҷамоати мазкур ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия иншооти хизматрасонӣ—нуқтаи барқинтиқолдиҳанда (трансформатор), ки минбаъд барои таъмин намудани  хонаводаҳои маҳаллаи Орифони деҳаи Пунук бо қувваи барқ хизмат мерасонад ва ҳамчунин хати ҷӯйбор бо масофаи 3100 метр барои  объёрии наздики 400 гектар заминҳои мавзеи Пунук—Дашт мусоидат менамояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Насби асбоби барқинтиқолдиҳанда дар маҳаллаи Орифон бо сарфи беш аз 100 ҳазор сомонӣ, таҳти роҳбарии раиси кумитаи маҳаллаи мазкур Дадобоев Абдураззоқ ва маблағгузории аҳли сокинон рӯйи кор омад.

Ҳадяи дигари солинавӣ барои сокинони ҷамоати деҳоти Пунук ба истифода супурда шудани мағозаи тиҷоратӣ буд, ки аз ҷониби соҳибкор Бахтиёр Султонов бо харҷи 235 ҳазор сомонӣ рӯйи кор омад. Барои мардуми маркази ҷамоат боз як имконияти хуб барои харидории молҳои ниёзи аввал пеш омад.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.