АШТ: Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза меёбад.

 342 боздид

Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода субҳи имрӯз 4 – уми феврали соли 2022, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободонию созандагӣ аз маркази ноҳия Ҷамоати шаҳраки Шайдон боздид ба амал овард.
Зимни боздид Раиси ноҳияро муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарияти Ҷамоати шаҳраки Шайдон, якқатор роҳбарони сохторҳои марбута ҳамроҳӣ намуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрак, сарсабзу хуррам нигоҳ доштани шафати роҳи протоколӣ, шинонидани гулҳои ороишии мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабз, беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, иншооти хизматрасон, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба сокинони шаҳрак, тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ, хизматрасонии босифати нақлиётӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳо аз ҳама гуна хасу хошок, баргҳои дарахтон ва партовҳо, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа, зери назорат қарор додани шиору овезаҳо ва нигоҳубини корҳои анҷомдодашуда ба масъулини сохторҳои марбута ва шаҳрак дастуру супоришҳо дода шуда, таъкид намуд, ки дар ин самт фаъолиятро густариш диҳанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.