АШТ: ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ РАВОН БА РАИСИ НОҲИЯ 760 НАФАР МУРОҶИАТ КАРДАНД

 400 боздид

Тӯли се моҳи соли 2020 ба Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо 760 нафар шаҳрвандон аз шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия, аз ҷумла 580 нафар тариқи хаттӣ ва 111 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд. Бояд гуфт, шумораи муроҷиати шаҳрвандон  соли 2019-ум 1085 нафар буд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳкамов шумури шаҳрвандони муроҷиатнамуда аз ҷ.ш.Шайдон—147 н., ҷамоатҳои деҳоти Ориён—68 н., Ашт—96 н., Понғоз—110 н., Ошоба—133 н., Меҳробод—58 н., Пунук—48 н., Шодоба—51 н., Ифтихор—26 н. ва берун аз ноҳия 23 нафарро ташкил медиҳад.

Чун ҳамешагӣ муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати гирифтани замини наздиҳавлигӣ—67 нафар, гирифтани замин ва баҳси он—90 н., гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин—91 н., ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ—90 н., соҳаи мактабу маориф ва ҳифзи сиҳатии омма—40нафар,  бештар ба назар мерасад.

Муроҷиат ҷиҳати ҳалли мушкилот дар самти замин аз ҷамоати деҳоти Ошоба зиёд ба ҳисоб гирифта шудааст. Чунин вазъият солҳост, ки идома дорад. Сабаби асосии он дар бемасъулиятӣ, бетарафӣ, сӯйиистифода аз мансаб намудани гурӯҳе аз масъулини кумитаи замин ва ҷамоат аст, ки чанд сол пеш фаъолият доштанд. Мардумро фиребу овора намудаанд, ки имрӯз аксари онҳо дар чорроҳа мондаанд. Сабаби дигараш, албатта, надонистани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз ҷониби сокинон аст, ки ба доми чунин масъулони бевиҷдон афтодаанд.

Шаҳрвандони ноҳия ҳамчунин дар масъалаҳои иқтисодӣ, сохтмон, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин шудан бо ҷойи кор, ҳифзи ҳуқуқ, таъмин шудан бо оби полезӣ, баҳси оилавӣ ва чанди дигар ба Раиси ноҳия муроҷиат кардаанд.

Аз миқдори муроҷиатҳои бозгӯшудаву ирсолгашта аксарият ҳалли худро ёфтаанд, 35 адади онҳо мавриди санҷиш қарор доранд. Ва 8 муроҷиат аз сабаби камбудӣ доштан дар ҳуҷҷатгузориҳо, баъзан нарасидани маблағ қонеъ гардонида нашудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтае ду маротиб: рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби Раиси ноҳия шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.