АШТ: Дар таҷлили Иди Наврӯз 4 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

 1 293 боздид

Нимаи дуюми имрӯз, дар арафаи таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз, дар ноҳияи Ашт, бо иштироки  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, 4 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Нахуст меҳмонон дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон, бинои Корхонаи давлатии фарии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ашт, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ, аз он 11 утоқи корӣ, ки пурра аз таъмир бароварда шуда 4 утоқи кории иловагӣ сохта шудааст, инчунин майдончаи хурди сунъии футбол дар маҳаллаи Бураки Ҷамоати деҳоти Понғоз, аз тарафи соҳибкор Абдулатиф Холматов, ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст, ба истифода доданд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони ин майдончаи хурди футбол дар асоси лоиҳа бунёд шуда, дарозиаш 42 метр ва бараш 22 метрро ташкил медиҳад.

Баъдан Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, аз рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36, дидан намуданд. Бинои муассиса иборат аз 24-синфхона, толори варзишӣ, 6 утоқи корӣ, ошхона, озмоишгоҳ, ҳуҷраи касбомӯзӣ мебошад. Муассисаи мазкур аз тарафи соҳибкорон бародарон Махсудҷоновҳо ва сокинони маҳал ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд.

Сипас як толори варзишӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор, ки аз тарафи соҳибкор Фирӯз Сотимов ба маблағи  50 ҳазор сомонӣ ва 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №55-и Ҷамоати деҳоти Ашт, ки бо ташаббуси сокинони деҳаи Дӯстӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, дар ду баст барои 200 нафар хонанда, ба маблағи зиёда аз 418 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.