АШТ: Дастаи ноҳия ғолиби мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардид.

 297 боздид

Санаи 29 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ дастаҳои ғолиби даври вилоятии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат ва байни ҳам рақобат намуданд.
Дар натиҷаи муқовимат ҷои аввал насиби дастаи ноҳияи Ашт, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Файзобод ва ҷои сеюм насиби дастаи шаҳри Кӯлоб гардид.
Дар фарҷоми мусобиқа Маҳмадуллозода Абдулло — сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибонро бо медал, диплом, мукофотҳои пулӣ ва Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.