АШТ: Дави Наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ

 825 боздид

Субҳи имрӯз, 16 март, дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон, дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзӣ, бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯз ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ҷалби зиёда аз 4000 (чор ҳазор) нафар ҷавонон, дави Наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.

Марафони велосипедронӣ аз даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди МИҲД-и ноҳия ҷараён гирифт, ки дар он 355 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарон фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин бо ҷалби васеи сокинони ноҳия дави Наврӯзӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 4330 нафар сокинони маркази ноҳия, аз он ҷумла, ҷавонон, наврасон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Дави Наврӯзӣ аз назди даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷараён гирифт.

Тавре Ҷамшед Насриддинов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод, имрӯз дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ, дави Наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар маҷмӯъ зиёда аз 10 000 (даҳ ҳазор) нафар сокинони ноҳия дар дави миллӣ иштирок намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.