Ашт диёрест чун биҳишти рӯйи замин. Диёрест, ки мардумаш бо фарзандони некному таърихиаш чун Туйчи Эрйигитов, Нурулло Ҳувайдуллоев, Одинамаҳмади Понғозӣ, Абдулло Қаҳҳоров, Маҳмудҷон Воҳидов ва садҳо нафари дигар фахр мекунанд.
Лек сад афсус, ҳастанд нохалафу ноҷавонмардон ба монанди Шавкати Муҳаммадӣ, Шералиев Абдуманнон, Масаидов Пайрав, Илҳом Ёқубов ва дигарон, ки сокинони ин диёр ҳам аз онҳо афсус мехуранду лаънаташон мехонанд.
Дадоҷон Ёқубов — номзади илм, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд нону намаки ҳамин диёрро хурда, барои паст задани обруву эътибори мардумаш фарзанди ноқобил ва ватанбезорро ба номи Илҳом Ёқубов ба воя расонид. Ӯ ва ҳаммаслаконаш мулки бегонаро «Ватан» ҳисобида, бо маблағҳои хоҷагони хориҷӣ баҳраманд гардиданд ва нисбати Ватан — модари азизамон Тоҷикистон аз дурӣ суханони ноҷоя мегӯянд. Аз алфозашон бармеояд, ки худро дар дигар ҷой гӯё озоду обод ҳис мекунанд.
Не! Хатост ин амали онҳо.
Зеро Ватан муқаддас аст. Дар он меҳри модар, хоки муқаддас ва чашмасори пурсафо мавҷуд аст.
Кай афсус мехурда бошанду кай тавба мекарда бошанд?
Афсус мехуранду фақат он вақт дер хоҳад шуд!
«Ҳоҷӣ Саид»