АШТ: ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ ФАРҲАНГ НАТИҶАГИРӢ ШУД

 6 655 боздид

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи кормандони соҳаи фарҳанг натиҷагирии фаъолияти бахш дар соли 2022 баргузор гардид.
Ҷамъомад таҳти Раёсати муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баргузор гардида, чор масъала мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

1. Баромади мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Мадалиев Мадалӣ оид ба фаъолияти бахши фарҳанг дар соли 2022.
2. Баромади Директори Китобхонаи марказӣ Бегматова Шаҳло оид ба фаъолияти Китобхонаи марказӣ дар соли 2022.
3. Баромади Директори Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳия Мирзоева Мавҷуда оид ба фаъолияти Осорхона дар соли 2022.
4. Масъалаҳои ҷорӣ
Баъд аз баррасии масъалаҳои гузошташуда, оид ба ҷоннок намудани фаъолияти соҳаи фарҳанг дастуру супоришҳо дода шуд.
Суратгузориш аз ҷараёни ҷамъомад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.