АШТ: ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ НОҲИЯ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД (ҚАЙДҲО АЗ МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ)

 196 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо маҷлиси фаъолон баргузор шуд.
Маърӯзаи муфассали роҳбари ноҳия оид ба ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳо барои идомаи сол аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода ба самъи ширкаткунандагон расонида шуд. Инак, мухтасари он:
РАҚАМҲО
**Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 19 млн. 827 ҳ.с. (100,2%) иҷро шудаву аз 10 манбаҳои даромад нақшаи муқарраргардидаи 5 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ барзиёд иҷро шудаанд.
**Дар соҳаи саноат ба маблағи 92,6 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли пеш 0,5 млн.сомонӣ беш аст.
**Аз 13 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ 10-тоашон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд иҷро кардаанд.
**Дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳия се корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ташкил шуданд: ҶДММ “Меҳри Хуҷанд”—корхонаи коркарди сангҳои табиӣ (бо иқтидори солонаи 3000 метри мураббаъ ва таъсиси 20 ҷойи корӣ); Коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ (иқтидори истеҳсолиаш 30 ҳазор дона дар як сол ва таъсиси 6 ҷойи корӣ); ҶДММ “Азизи нур”—коргоҳи дӯзандагӣ (бо таъсиси 6 ҷойи корӣ).
**Дар давраи ҳисобӣ аз ҳисоби заминҳои холимонда 300 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид шудаву дар майдони 213,8 гектар боғҳои меваҳои донакдор ва 19 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд шудаанд.
**Ҷиҳати пешвози сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия дар маҷмӯъ 301 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Соли 2020 бунёди 48 иншооти таъиноташон мухталиф дар назар аст, ки аз ин миқдор дар 12 иншоот корҳои сохтмонию таъмир ва азнавсозӣ бо таъсиси 20 ҷойҳои кории нав ба анҷом расидаанд.
**Тайи се сол аз 301 адад иншооти ҷашнии ба нақша гирифташуда, 2016 адад иҷро шудааст, ки 71,7 фоизи нақшаро ташкил мекунад.
**Барои таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард дар давраи ҳисобӣ аз ҷониби кормандони идораи роҳи ноҳия 70 км роҳи Ашт—Хуҷанд аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилоят 0,9 км роҳи кӯчаи ба номи С.Иминҷонов ва ҳамчунин бо мусоидати МИҲД-и ноҳия ва соҳибкорону аҳли ҷамоатчигии ҷ.д.Понғоз 9 км роҳи Шайдон-Понғоз ба сомон расонида шуданд.
**Дар шаш моҳи соли равон 173 адад ҷиноят содир шудааст (аз соли пеш 6-то кам).
**16 ҳодисаи номатлуби худкушӣ ва сӯйиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳамин давраи соли пеш 7-то зиёд аст.
**Дар соли таҳсили 2019-2020-ум 1479 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимӣ ба Марказҳои миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд ва 19 нафар тибқи квотаи Президентӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои олӣ дохил шудаанд.
**Аз санаи 30 апрел то имрӯз дар беморхонаи марказии ноҳия 86 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шудаву 76 нафар сиҳат ёфтанд.4 нафар аз ин бемории сироятӣ фавтидаанд. Айни замон 6 нафар таҳти назорати табибон қарор доранд. 49 нафар таҳти назорати табибони оилавӣ дар карантини хонагӣ ҳастанд.
**Дар шашмоҳаи соли равон 169 адад ақди никоҳи шаҳрвандон бекор карда шудааст, нисбати ҳамин давраи соли пеш 22 адад кам аст.
БОЗПУРСӢ, ДАСТУРУ СУПОРИШ
Сипас аз ҷониби Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ҳамаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба фаъолияти корӣ ва камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла, иҷро нашудани нақшаи пилласупорӣ (аксаран сабабашро дар тухмии бесифат арзёбӣ карданд), нақшаи андоз ва бунёди иншооти ҷашнӣ, зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ ва ғайра бозпурсӣ намуд.
Ҷиҳати таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан дар самти мубориза барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва вусъат бахшидан ба кори гурӯҳҳои тарғиботӣ, эҳсоси масъулият дар самти кишти такрорӣ, пахта ва картошка, омодагии комил ҷиҳати ба истифода додани иншооти ҷашнии имсола, пешгирии фавти кӯдакон, назорати қатъии ошхонаву марказҳои савдо ва бозор аз ҷиҳати санитарӣ, ҷоннок намудани фаъолияти соҳаҳои мафкуравӣ роҳбари ноҳия изҳори нигаронӣ намуд ва супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласа ҳамчунин сардорони як қатор коргоҳу муассисаҳо, аз ҷумла, соҳаи тандурустӣ, андоз, кишоварзӣ, молия, ВКД дар ноҳия, бахшҳои танзим, ҷавонон, кор бо занон ва оила ва чанди дигар бозпурсӣ карда шуданд.
Дар маҷлиси фаъолон сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳ.К. иштирок ва баромад кард.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.