АШТ: Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ

 1 328 боздид

Санаи 28 июли соли равон дар  боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Барномаи вилоятии “Рушди ҳунарҳои мардумӣ” барои соли 2018 фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар ноҳияи Ашт аввалин шуда, бо дастворадҳои назарраси худ, инчунин бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ иштирок намуд.

Ба иттилои масъулин мақсад аз гузаронидани фестивал-озмун ин рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, рӯнамоии захираҳои табии, боигариву маводи мухталиф ҷиҳати омода намудани ашёю лавозими рӯзгор, тараққӣ додани санъати ҳунармандӣ, мисли бофандагӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ ва садҳо шаклу намуди ҳунарҳо, аз ҷумла намудҳои таомҳои миллӣ, нону маҳсулоти ордӣ, ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, озмун-мусобиқа байни ҳунармандон, муаррифии ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон,  тарғиботу ташвиқоти либоси миллӣ байни занону духтарон, бо баргузории барномаи фарҳангӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.

Ҳайати кумитаи тадорукот пас аз боздид аз ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили оҳангарӣ, кӯлолгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрас ва нону маҳсулотҳои ордӣ, дар барномаи фарҳангии омода намудаи бахши фарҳанги ноҳия дидан намуданд.

Инчунин дар охир ба иштирокчиён ва меҳмонон, ки барои тамошои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ноҳияи Ашт намоиш дода шуд, оши ройгон тақсим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки фестивал-озмун аз моҳи июл оғоз гардида, то моҳи ноябр идома мекунад, ки дар он 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.