АШТ: Фестивали “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”

 88 боздид

Имрӯз, 09 апрели соли ҷорӣ, дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, Фестивали ҳунарҳои мардумӣ, таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷамшед Маҳмудзода, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт Ҳасанбой Каримӣ ва ҳунармандон аз ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт ярмаркаи хурди ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.
Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷамшед Маҳмудзода, зимни баромади худ иброз дошт, ки дар радифи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳия баҳри иҷрои банди 5 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021 Фестивали ҳунарҳои мардумӣ “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бо мақсади эҳёи анъанаҳои мардумӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида ва бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардида истодааст.
— Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 28 марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 7 марказҳои адрасу атласбофӣ, 4 маркази қолинбофӣ ва 17 марказҳои дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ ташкил медиҳад. Ин марказҳо бо 60 адад дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ ва 25 адад дастгоҳҳои қолинбофӣ таъмин карда шуданд. Дар ин марказҳо 26 нафар устодон ба 1288 нафар шогирдон аз рӯйи ҳунарҳои мардумии мухталиф касб омӯзонида истодаанд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба ғолибони Фестивали ҳунарҳои мардумӣ “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки оҳангарони ноҳияи Ашт дар 40 дӯкони оҳангарӣ ба истеҳсоли маҳсулоти дастӣ аз ҷумла, ба сохтани дос, каланд, бел, табар, теша, чок, бухорӣ (печка), корд ва дигар асбоби рӯзгор машғул мебошанд. Дар ин дӯконҳо 120 нафар мардон фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 72 нафарро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *