АШТ: ФЕСТИВАЛИ НОҲИЯВИИ “САД РАНГИ ЧАКАН” БАРГУЗОР ГАРДИД

 7 972 боздид

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, дар асоси  қарори Раиси вилоят ва ноҳия  Фестивали  “Сад ранги чакан” дар  боғи фарҳангӣ фароғатии Маҳмудҷон Воҳидов ва назди МВД театри мусиқӣ – драммавии ноҳияи Ашт гузаронида шуд.

Дар он муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ иштирок намуда, аз номи роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳозиринро ба ин муносибат таҳният намуд.

Дар ҷараёни фестивал  ҷавондухтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар бахшҳои хоса, аз қабили   “Намоиши либоси қадимаи чакан”, “Намоиши либоси кӯдакона”, “ Намоиши либоси рӯзмарра», “Намоиши либоси маросимӣ ва идона», ”Намоиши либоси расмӣ”, “Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» иштирок намуданд.

Дар Фестивали ноҳиявии “Сад ранги чакан” иштирокчиён бо маҳорати баланд ширкат варзида, беҳтаринҳо бо Дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд;

Дар номинатсияи “Намоиши либоси қадимаи чакан” Ҷойи якум Ҷамоати деҳоти Шодоба;

Дар номинатсияи “Намоиши либоси кудакона” Ҷойи якум Ҷамоати деҳоти Понғоз;

Дар номинатсияи “Намоиши либоси рӯзмарра” Ҷойи якум Ҷамоати деҳоти Ошоба;

Дар номинатсияи “Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона” Ҷойи якум шуъбаи маорифи ноҳия;

Дар номинатсияи “Намоиши либосҳои расмӣ” Ҷойи якум соҳаи тандурустӣ;

Дар номинатсияи “Намоиши навъҳои гунонгуни сузанидӯзӣ” Ҷойи якум Ҷамоати шаҳраки Шайдон;

Ҳадаф аз фестивал тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ба даври вилоятӣ ғолибони ҷойҳои якум роҳхат гирифтанд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.