АШТ: ҒАЛАБАИ МЕҲНАТӢ МУБОРАК

 1 003 боздид

22.10.2022

Имрӯз, дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд дар бистрӯзаи дуюми ғунучини «Ҳосил-2022» пахтакорони ноҳияи Ашт дар ҷамъоварии «Тиллои сафед» пешқадамӣ нишон дода, ғолиб гардиданд.

Кишоварзони ноҳияи Ашт аз аввали мавсим 14040 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 81,2 фоизи нақша баробар аст.

 

Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони Сарраёсати кишоварзии вилоят, хоҷагиҳои пешқадами пахтакор, фаъолону кормандони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.

Дар бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ ҷои дуюмро пахтакорони ноҳияи Зафаробод соҳиб шуданд. Кишоварзони ноҳияи Зафаробод то имрӯз 20894 тонна пахтаро ба хирман супоридаанд, ки ба 68,4 фоизи нақша баробар мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми пахтакорон, чинакчиён ва меҳнати зарбдоронаи ҳашарчиёни майдони пахтазор ҳарф зада, дар вазъияти тантанавӣ виппели сайёр ва мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода супорид.

Дар идома Раиси ноҳия ба сухан баромада, зикр намуд:

Туфайлӣ, таваҷҷӯҳ ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол соҳаи кишоварзӣ рӯ ба рушд аст. Бо талошҳои шабонарӯзии пахтакорони ноҳия, дар саҳро ҳосили фаровон ба даст омад. Мо кӯшиш менамоем, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҳосили боқимондаро беталаф ҷамъоварӣ карда, дар фурсати кӯтоҳ аз иҷрои нақша мужда диҳем.

Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони ноҳия дар майдони зиёда аз 6300 гектар кишти пунбадона гузаронида, дар таъмини иҷрои нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта 17 ҳазору 300 тонна ҳосил муташаккилона саъйю кӯшиш доранд.

Дастоварди меҳнатӣ барои ҳаряк сокини ноҳияи Ашт муборак бошад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.