АШТ: Ғолибони футбол қадршиносӣ гардиданд

 144 боздид

Дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии “30-солагии Истиқлол” мулоқоти Раиси ноҳия бо  футболистони дастаҳои ноҳия, мураббиёни футбол ва варзишгарони ноҳия дар марҳилаи ҷамъбасти соли 2024 баргузор гардид.

Аз моҳи май мусобиқаи деҳа ба деҳа байни дастаҳои футболбозон баргузор карда шуд. Дар он 47 даста иштирок намуда,  дастаи Гулшан дар даври вилоятӣ байни 6 даста иштирок карда, сазовори чойи 1-ум гардида, ба даври Ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфт.

 Дар Чумҳурӣ 5 минтақа аз Суғд, Хатлон-1, Хатлон-2, Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда, дастаи Пунғаз сазовори чойи дуюм гардида, бо Чом, Диплом ва бо маблағи 15 000 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Дар оғоз Шӯҳрат Муҳаммадзода ғолибонро таҳният намуда,  ин дастоварди муҳимро аз таваҷҷӯҳи бевоистаи роҳбари давлат унвон кард.

Роҳбари ноҳия  таъкид кард, ки “Боиси хурсандист, ки  санаи 14-уми декабри соли ҷорӣ Раиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори чорум ба мӯҳлати чор сол, яъне то соли 2028 раиси  Федератсияи футболи Тоҷикистон  интихоб гаштанд.

 Бояд гуфт, ки дар соли 2024 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 299 медали тилло, 246 нуқра ва 467 биринҷӣ гардиданд.

Дар фарҷом фаъолони соҳа бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ ва барои футболбозон дастурхони идона ороста шуд.

Баромади аҳли ҳунар фарҷомбахши барнома буд.

 Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.