АШТ: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

 1 949 боздид
       Санаи 27.06.22 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо диплом ва сипосномаҳои хотирави қадрдонӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки санаҳои санаҳои 18-19 май дар толори театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки 573 довталаб озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи 5 бахш ҷараён гирифта буд.
         Пас аз муайян ва ҷамъбаст кардани озмун 50 нафар бо дипломҳои дараҷавии 1,2,3 ва кӯмакпулии яквақта сарфароз гардонида шудананд. 31 нафар бошанд барои иштироки фаъолона бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ шарафёб гардиданд. Бояд гуфт, ки озмуни мазкур барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврал, таҳти рақами 156 ҳамасола гузаронида мешавад.
              Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.