АШТ: Гурӯҳи “Сипари Ватан”-и шаҳри Исфара ба ноҳия ташриф овард.

 425 боздид

15.10.2022

Имрӯз, дар Маҷмааи фарҳангиву фароғатии “30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ” вохӯрӣ бо аъзоёни гурӯҳи “Сипари Ватан”-и шаҳри Исфара дар иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷараён гирифт.

Дар чорабини Раиси ноҳияро роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ҳамроҳӣ намуданд. Нахуст, Раиси ноҳия баромад намуда, аз хизматҳои бузургӣ Пешвои муаззами миллат дар таҳкими эъморӣ давлатдорӣ, овардани суботи миллӣ ҳарф зад ва аз қаҳрамониҳои аҳли гурӯҳи «Сипарони Ватан» дар муноқишаҳои марзии рӯзҳои охир баёни назар намуд:

“Воқеаҳое, ки рӯзҳои 14-16 сентябри соли 2022 аз тарафи як гурӯҳ қувваҳои силоҳбадаст аз Ҷумҳурии Қирғизистон марзу буми моро вайрон намуда, ба ҳудуди деҳаҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров ворид гашта, хонаву ҷой, иншооту ташкилотҳоро оташ заданд ва сокинони шаҳру ноҳияро ба ҳалокат расонида, маҷрӯҳ намуданд.

Ҷавобан бар зидди ин гурӯҳҳои ифротӣ сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан гурӯҳи “Сипари Ватан” хизматҳои арзанда нишон доданд.

Гурӯҳи махсуси “Сипари Ватан” аз ҳисоби шахсиятҳое ташкил шудаанд, ки рӯҳан ва ҷисман солим, дорои бозувони боқувват ва дар дил ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ, ки дар солҳои 1991 то соли 1997 аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳисса гузоштанд, ташкил карда шудааст, ки ин фахри тамоми мо ва Тоҷикистониён мебошад.

Баъдан, ба фаьолони гурӯҳи дар боло зикргардида аз ҷониби Шӯҳрат Муҳаммадзода Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар ин замина аз ҷониби роҳбарияти гурӯҳи “СИПАРИ ВАТАН” ба Шӯҳрат Муҳаммадзода Сипосномаи аҳли гурӯҳ барои дастгирии пайваста тақдим гардид.

Дар фарҷом иштирокдорон бо як овоз баён намуданд, нохалафе, ки ба сарзамини муқаддаси тоҷикон по мениҳад, мутмаин бошад, ки муқовимати сахт интизор аст.

Пешниҳоди барномаи фарҳангӣ ба вохӯрӣ шаҳомати хоса бахшид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.