АШТ: Гуруҳи тарғиботӣ вобаста ба мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати шаҳркаи Шайдон вохӯрӣ анҷом доданд.

 811 боздид

03.01.2023

      Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи тарғиботӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо фаъолон вохӯрӣ анҷом доданд.

 

Гурӯҳи тарғиботӣ аз Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов Абдумавлон, собиқадори меҳнат Солиҷонов Нодирҷон иборат буда, нуктаҳои асосии Паёми роҳбари давлатро иброз доштанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, барои як соли оянда сиёсати дохиливу хориҷии давлатро муайян месозад. Нахуст, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуд:

«Дар Паёми худ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар соли 2022 пурра мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар ҳамчун дастури раҳнамо ва муайянкунандаи сиёсати дохиливу хориҷӣ хидмат намуда, дар расидан ба дастовардҳои меҳнатӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар Паёми роҳбари давлат зикр гардид, ки новобаста аз вазнин омадани сол ва ноустувор будани фазо дар ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳо паси сар гардид.

Давоми соли 2022 бо мақсади таъмини мардум ба ҷойи нави корӣ 190 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади таъмини хонандагон ба биноҳои таълимӣ корҳои зиёд равона карда мешавад. Соли 1991 агар дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон бошанд, ин шумора дар соли 2022 ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳар сол на кам аз 200 биноҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шавад.»

Дар идома роҳбари ноҳия ишора намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди ноҳияи Ашт беш аз 50 синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии соҳибкорон ва тариқи ҳашар бунёд гардид ва мавриди истифода қарор гирифт. Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон ба иштирокдорон ба таври фишурда баён намуд:

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар соли 2023 тамоми намуди пардохтҳо ба таври электронӣ амалӣ карда шавад. Ин раванд имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ боло бурда, пардохти маблағ аз ҷониби сокинон ба таври комилан осон амалӣ карда шавад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. »

 

Дар идома вобаста ба нуқтаҳои асосӣ раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов Абдумавлон, собиқадори меҳнат Солиҷонов Нодирҷон ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд. Зимни баромади иштирокдорон гуфта шуд:

 

«Роҳбари давлат дар Паёми худ баён намуданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ 25 фоиз зиёд шавад.

Аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, стипендияҳо, нафақаҳо 20 дарсад баланд карда мешавад.»

Аз чунин ғамхориҳои пайваста сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати одилонаву оқилонаи роҳбари давлат зиндагии осуда доранд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.