АШТ: Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 270 боздид

03.10.2022

Санаи 3-юми октябри соли равон дар саҳни Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, маросими гусели наваскарон дар вазъи тантанавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 — 2004” 100 нафар ҷавонони меҳанпарасту шуҷоъ бо амри дил ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил мегардад.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо ширкат намуданд.

Роҳбари ноҳия дар оғоз баромад намуда, баён дошт:

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Ҷавонони мо дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқатро омӯзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”

Баъдан, модари даъватшаванда Сатторова Мунира аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон баромад намуда, қайд намуд, ки имрӯз мо модарон бояд бо сари баланд баҳри ҳимояи марзу буми Ватан бо амри дили хеш ва сари баланд фарзандони худро дуо диҳем, то онҳо сиҳат саломат қарзи фарзандии хешро содиқона иҷро намоянд.

Самадов Рамшед наваскар аз Ҷамоати деҳоти Шодоба зимни баромадаш иброз дошт, аз он ифтихор дорам, ки зодаи даврони Истиқлолият ҳастаму дар шароити фароҳам ба ҳама гуна фаъолият зиндагӣ дорам. Ин ҳама пешравиҳо дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталиф, ободу зебогардии Тоҷикистони азизамон ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Дар идома собиқадори меҳнат Сулаймонқул Азимӣ барои диловарони Ватан дар хизмати софдилона ва содиқона ба наваскарон барору комёби хост.

Сипас, Шерматова Гулҷаҳон, ки 5 фарзандаш дар Артиши миллӣ адои хизмат намудаанд ва ин анъанаро наберагонаш бо сари баланд давом дода истодааст, барои таъмини шароити воло ба роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз тарафи Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба як қатор фаъолон ва падару модарон номаи миннатдорӣ ва Сипосномаву туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охир барномаи хуби фарҳангӣ ва баромади хонандагон манзури иштирокдорон гардонида шуд, ки чорабиниро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Ёдовар мешавем, ки дар даъвати тирамоҳӣ имрӯз аз ноҳияи Ашт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 нафар сафарбар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.