АШТ: Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 1 512 боздид

Имрӯз, 03 апрели соли ҷорӣ, дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ аз ноҳияи Ашт Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия Сулмонзода Қурбоналӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо иштирок доштанд.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, дар баромади худ иброз дошт, барои мо фахри бузург аст, ки имрӯз ҷавонони мо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адои хизмат мекунанд, сазовори ҳурмату эҳтироми баланд гардида, бо медал ва Раҳматномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.

-Ман ба ҳамаи падарону модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро бо меҳру муҳаббати самимӣ тарбия намудаанд ва бо амри дил имрӯз барои хизмати Ватан-Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, арзи сипос менамоям.

Нурматов Хуршед Камолҷонович даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Понғоз, дар баромади худ зикр дошт, ки мехоҳам ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол барои Ватан ва ҳимояи марзу буми он хизмати содиқона анҷом диҳам.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба ду нафар волидайн Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охир барномаи хуби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даъвати баҳорӣ аз ноҳияи Ашт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 70 нафар сафарбар карда шуданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.