Ашт: Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

 1 000 боздид

Имрӯз дар назди Муассисаи давлатии театри вилоятии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими гусели аваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, 70-фисади нақшаи даъват иҷро карда шуд.

Дар маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ Роҳбарияти ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, коммиссари ҳарбии ноҳия Сулмонзода Қурбоналӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва волидони даъватшавандагон ширкат намуданд.

Дар маросими гусели аввалин гуруҳи ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо суханронӣ намуда, иброз дошт: “ Шумо ҷавонони бонангу номуси диёр имрӯз ихтиёран барои адо кардани қарзи фарзандии худ дар назди Модар-Ватан ҳозир шудаед. Барои ин иқдоми неки ҷавонмардонаи Шумо аҳсан мегӯям. Имрӯз вақти он расидааст, ки Шумо аз мактаби мардонагӣ гузаред ва барои ҳимояи марзу буми кишвар ва оромиши он талош кунед. Бовар дорем, ки Шумо аскарони тавоно мешавед ва сарбаландона хизмати Ватанро ба ҷо меоред”.

Коммиссари ҳарбии ноҳия Сулмонзода Қурбоналӣ зимни баромадаш таъкид дошт, сафарбар кардани ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ низ амали ватандӯстона аст. Имрӯз мо бо ҷавонони бонангу номуси диёрамон ифтихор мекунем, зеро ҷавонони мо барои ҳифзи якпори сангу хоки Ватан ҷони худро дареғ намедоранд.

Даъватшаванда Эҷод Машарипов аз ҷамоати деҳоти Понғоз гуфт, ки мо ҷавонон сарсупурдагони Ватан ҳастем. Дар роҳи ҳимояи Ватан ҷони худро дареғ намедорем. Мо наваскарон барои оромӣ, осудагӣ ва ҳимояи падарону модарон, хоҳарону бародарон имрӯз омодаем.

Чун анъана зимни гусели наваскарон маросими нонгазони модарон баргузор шуд. Модарон ҳангоми нонгазонӣ даст ба дуо бардошта, хостори сиҳативу саломатӣ ва сарбаландона хизмат кардани фарзандонро намуданд.

Дар охир ба наваскарон ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури ҳозирин шуд.

Маркази матбуотии ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.