АШТ: Гузаргоҳи “Навбунёд” баъди қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ба реҷаи оддӣ гузаронида шуд.

 327 боздид
Ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди аз санаи 15 – уми марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, субҳи имруз санаи 15 – уми марти соли равон, оид ба таъмини озоди рафтуомади сокинон аз гузаргоҳи “Навбунёд” – и ноҳия ба ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд.
Дар гузаргоҳи “Навбунёд” – и ноҳия барои рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ягон муаммое ҷой надорад, шаҳрвандон озодона чӣ пиёда чӣ бо автомашинаҳои шахсӣ рафтуомад доранд.
Муносибати шаҳрвандон бо кормандони мақомоти гумрук ва афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Ба реҷаи оддӣ гузаштани гузаргоҳи “Навбунёд” – и ноҳия ин таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар, боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя, рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ҳарду кишвар ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Дар сӯҳбати якчанд нафар сокинон, ки ба шаҳри Фарғона, ноҳияҳои Данғараю Косонсой ва шаҳри Ангрени Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар доштанд аз сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар рӯҳбаланд гардида, ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович минатдории самимӣ изҳор намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.