Ашт: Ҳама ба театр

 1 067 боздид

Дар ноҳияи Ашт мавсими нави театр оғоз гардид, ки он то моҳи июни соли 2018 идома меёбад. Дар ин бора ба Хадамоти матбуоти н. Ашт муовини Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳасан Холов иттилоъ дод. 

Тибқи иттилоъи манба дар мавсими нави театр, ҳунармандони ноҳияи Ашт бо намоишномаи «Гулпарӣ» баромад карда, онро ба тамошобинон низ пешкаш менамоянд. Намоишномаи мазкур аз рӯи асари Абдуваддуд Файзиев дар жанри мазҳака омода гардидааст. Нақшҳои асосиро дар ин намоишнома Акмал Турсунов, Эраҷ Шодиматов, Абдулҳодӣ Машарипов, Ғаниева Мавзуна ва Ғаниев Анвар  бозидаанд.

Намоишнома зиндагии қозиён ва амалдорони асри 19 ва 20-ро дар жанри мазҳака пешкаши тамошобин мекунад ва давомнокии он  як соатро дабар мегирад.

Ба саволи он, ки оё сокинони ноҳияи Ашт намоишномаи зиндаи театро хуш қабул мекунанд ва назари тамошобини имрӯз ба театр чӣ гуна аст Ҳасан Холов гуфт, ки мардум театр ва намоишномаҳои онро акнун дарк кардаистодаанд. Тамошобини имрӯзаи театр бештар завқи тамошои намоишномаҳои мазҳакавиро дорад. Тамошобин дар як вақт ҳам механдад  ва ҳам ислоҳи камбудии ҷомеаро мебинад.

Ҳасан Холов ҳамзамон илова кард, ки дар ноҳияи Ашт солҳои пеш театр набуд аз ин сабаб мардум намоишномаҳои театрро танҳо дар телевизион медиданд. Акнун, ки шароити мусоид фароҳам омад мо ҳунармандон кӯшиш мекунем, ки мардум интизори намоишҳои зиндаи театрӣ шаванд.

Ба тамошои ин намоишнома ҳамарӯза зиёда аз 100 нафар сокинон ба театр меоянд. Пас аз дидани ҳунару истеъдоди ҳунармандони театр тамошобинон бо таъби болида мераванд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.