АШТ: ҲАМКОРИ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД.

 788 боздид
13.12.2023
Имрӯз дар ноҳияи Ашт доир ба лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот дар мавзӯи “моделҳои инноватсионии идоракунии таъминоти об, имкониятҳо барои шарикии давлат бо бахши хусусӣ” миззи мудаввар баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндагони ташкилоти USAID, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, соҳибкорон ва хоҷагидорони пешқадам иштирок намуданд.
Дар мизи мудаввар нахуст Раиси ноҳия баромад намуда, вобаста ба тадбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Ашт маълумот дод. Ҳамзамон, Шӯҳрат Муҳаммадзода зикр намуд, ки барои донорони хориҷӣ ва сармоягузорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешавад ва барои густариши робитаҳо бо созмонҳои байналхалқӣ пайваста тадбирҳои зарури андешида мешавад.
Дар идома муаррифӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот дар ташкили идоракунии самараноки шабакаҳои обтаъминкунии деҳот аз ҷониби мутахассис оид ба ҳамкорӣ бо бахши хусусии лоиҳаи зикргардида Аҳмад Хайрулоев маълумоти муфассал дод.
Пас аз баромадҳои мутахасиссон саволҳо аз ҷониби иштироккунандагон ба миён гузошта шуда, муҳокимаҳо сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи тадбирандешии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт як қатор корҳо аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ анҷом дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Шодоба аз ҳисоби маблағҳои грантии USAID оид ба лоиҳаи дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот ба маблағи беш аз 180 ҳазор доллари ИМА 650 хоҷагӣ — баҳрабардорон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Ин раванд дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти Ориён низ бо маром идома дорад.
Таъкид ба маврид аст, ки дар доираи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва маблағгузории ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» дар шаҳраки Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт чанде пеш Шӯъбаи таваллуд бо бинои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Шӯъбаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, тамоми технологияҳо муосир насб гардидаанд.
Ин ташкилот ба шахсони ниёзманд ва аз сел зарардидагон кӯмаки худро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ аз қабилӣ сару либос, гӯшт ва ашёҳои лозимаи рӯзгор расонид. Фонди хайриявии “Тоҷикистон” бо дастгирии Раиси ноҳия дар соли 2024 нақша дорад, ки бо харҷи 18 миллион сомонӣ бо тамоми таҷҳизот бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ созад.
Дар ин раванд Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҳамкории зич дошта, дар доираи лоҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳо дар шароити бӯҳрониҳои гумонитарӣ ва тандурустӣ” фаъолияти назаррас дорад.
Бо маблағгузории ташкилоти 3 синфхона (№ 4,6,26) бо маблағи 57 ҳазор сомонӣ, соҳилмустаҳкамкунии соҳили Понғозсой бо мабалағи 60 ҳазор сомонӣ, кӯмаки нақдӣ ба 81 нафар дар ҳаҷмӣ 100 доллари ИМА ба як нафар, барномаи озуқавори Ҳилоли аҳмар-таъминоти ғизои ба 2607 нафар ба ниёзмандон дар минтақаи ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ашт амалӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки барномаи БОҶ-и СММ дар 46 муассисаҳои таълимии ноҳия амал менамояд. Бо маблағгузории ин созмон ошхонаи ду муасисса (49-17) пурра таъмир ва мувофиқ ба меъёрҳои муосир гардонида шуд.
Ҳамзамон, ба як қатор муассисаҳо гармхонаҳо ва манбаҳои даромад мусоидат карда шуд, ки барои бозҳам беҳтар кардани шароити ғизонокӣ имкон медиҳад.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2023 дар ноҳияи Ашт 3 лоиҳаи сармоягузории давлатии зерин амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо дар ноҳия 2 521,9 ҳазор доллари ИМА азхуд карда шудааст:
1. Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ»:
Дар доираи лоти 1-и лоиҳа дар ноҳияи Ашт дар 12 адад зеристгоҳҳо воридот ва васлу насби трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён ва ҳисобкунакҳои барқӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар зеристгоҳҳо корҳои васлу насби трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён ба анҷом расонида шуд. Инчунин дар зеристгоҳҳо корҳои иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ идома доранд.
Дар маҷмуъ аз оғози татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Ашт 556,3 ҳазор доллари ИМА масраф карда шудааст.
2. Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”:
Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар муассисаҳои таълимии №25 дар ҷамоати деҳоти Ашт ва №7 дар ҷамоати деҳоти Бободархон дар марҳилаи анҷомёби қарор дорад, ки маблағи умумии иншоотҳои мазкур тибқи қарордод 1,78 млн. долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳа дар ноҳияи Ашт то инҷониб 1721,14 ҳазор доллари ИМА истифода карда шудааст.
3. Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID-2019
Дар доираи лоиҳаи мазкур барои дастгирии иловагии оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3-солаи ноҳия дар давраи хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҳаҷми 244,49 ҳазор доллари ИМА кӯмакпулӣ ҷудо ва пардохт карда шудааст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.