Сокинони ғайратманди ҷамоати деҳоти Понғоз чанд рӯз аст, ки тариқи ҳашар роҳи мошингарди ҷамоатро тахту васеъ ва ҳамвор менамоянд.
Имрӯз сокинони деҳаҳои Хиштхона ва Саро, маҳаллаҳои Хуҷибак ва Қалъа бо роҳбарии раисони маҳаллаҳо М.Маҳкамов, Н.Одинаев, З.Мирзоёров, Т.Азимов, Б.Мадалиев бо ғайрати беандоза меҳнат карда истодаанд.
Тибқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Понғоз имрӯз наздики 600 нафар сокинон ба ҳашари умумихалқӣ баромаданд.
Ёдовар мешавем, ин амал бо иқдоми ҷамоати деҳоти Понғоз рӯйи кор омада, бо дастгирии соҳибкорону саховатмандони маҳал ва меҳнати сокинони ҷамоат оғоз ёфтаву идома дорад.
Т.МИСРОБӢ