Санаи 1 – уми марти соли 2022, дар роҳи протоколии даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Ҷамоати шаҳраки Шайдон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва сокинони шаҳрак 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ширкат варзида, оид ба кабудизоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози кишту кори баҳорӣ суханронӣ намуда, ба ҳозирин миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Роҳбарияти ноҳия кормандони Ҷамоати шаҳраки Шайдон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоевро вазифадор намуд, ки корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва парвариши ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор дода, корҳои ободонӣ вусъат бахшида шавад.