АШТ: Идомаи мулоқоти Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор ва Ошоба баргузор гардид.

 318 боздид

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия субҳи имрӯз 2-юми феврали соли 2022 дар толори МТМУ 8 Ҷамоати деҳоти Ифтихор ва нимаи дуюми рӯз дар толори МТМУ 49 Ҷамоати деҳоти Ошоба ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ — иҷтимоии ҷамоатҳо мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо сокинони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар мулоқот муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсати молия, нозироти андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, КИ ҲХДТ дар ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, сартабибони беморхонаҳои марказиву минтақавӣ, роҳбарият ва кормандони ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор ва Ошоба вакилони ҷамоатҳо, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Дар анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сокинон дархосту таклифҳо оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.
Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия 4 нафар маъюбон ва шахсони яккаву танҳои ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор ва Ошоба бо маводи хӯрокаи ниёзи аввал аёдат карда шуданд. Дар охир дар шоҳроҳи Ҷамоати деҳоти Ошоба маъракаи ниҳолшинонӣ дарахтони ҳамешасабз баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва соҳаҳои иқтисодиву ичтимоии ноҳия дар назар дошта шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.