Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар идомаи сафари корӣ бо Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз сохтмони корхонаи коркарди нахи пахта дидан намуданд.
Дар суҳбат Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ ва сохтани корхонаҳо имкониятҳо фароҳам овардаанд. Аз ин лиҳоз барои муҷҷаҳазсозии коргоҳҳо бо таҷҳизоти муосири коркарди нахи пахта бо соҳибкорон ҳамкорӣ карда истодаем.
Баъдан Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз осоишгоҳи “Аксикон” боздид намуданд.
Зимини боздид масъулини осоишгоҳ маълумот доданд, ки осоишгоҳро бо сифати баланд таъмир намуда, дар як шабонарӯз метавонанд то 324 нафар мизоҷонро қабул намоянд.
Бояд қайд кард, ки мавсими қабули мизоҷон дар осоишгоҳи “Аксикон” оғоз гардидааст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия