АШТ: ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА ДАР ТАНТАНАҲОИ ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДЕҲАИ ДОЛОНА

 784 боздид

08.09.22 (мустақим)

Баъдан, сафари меҳмонон дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод идома ёфт. Ташрифкунандагон аз рафти корҳои мумфаршкунӣ бо асфалти гарм бо дарозии беш 3 км, ки паҳноии 3,5 метр дорад, бо роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати расмӣ аз Ҷумҳурии бародар Узбекистон боздид ва ҳиссагузорӣ анҷом доданд. Ба Неъматулло Ҳикматуллозода иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси роҳбари ноҳия роҳҳои ба валангор пурра таъмир ва азнавсозӣ гардида, дар идомаи ин иқдом сокинони саховатпеша ва соҳибкорони бонангу номус бо харҷӣ беш аз 2 мил сомонӣ роҳи деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободро обод намуданд.

Баъдан дар варзишгоҳи деҳа бо ширкати меҳмонон чорабинии фарҳангӣ бахшида, ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дулонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Дар ҷараёни ташриф Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси ноҳия ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатқаринро таҳният намуданд.

Шахсоне, ки барои ободии ноҳия саҳми сазовор гузоштанд ба Сипосномаи Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуд.

Барномаи фарҳангӣ сурури сокинонро дучанд намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.