20.10.2022
Дар идомаи силсилавохуриҳо имруз, мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар хусусӣ “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо итихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ашт баргузор гардид.
Дар толори тарабхонаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Ашт вохурӣ ҷараён гирифта, дар он Прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Фарҳодзода Хуршед, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имом-хатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, соҳибкорон,вакилони ҷамоати ва ноҳияви, раисони кумитаи маҳаллаҳо, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар бобати “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” ба таваҷҷӯҳи ҳозирин маъулмоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар идома, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ, вусъат ёфтани корҳои корҳои саҳроӣ, ободу зебосозии маҳалҳо, пеш бурдани саноъат ва таъмини сокинон ба ҷойи нави корӣ ҳарф зад. Роҳбари ноҳия махсусан ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, аз фаъолон даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ саҳми арзанда гузоранд.
Сипас, Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “ Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маълумоти муфассал дод. Зимни баромад зикр гардид, ки дар тарбияи насли меҳанпараст ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳо новобаста аз шакли молкият тибқи қонунҳои амалкунанда вазифадор аст.
Дар фарҷом сарвари ноҳия барои ободу зебосозӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба сокинон муроҷиат намуд ва аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва фаъолон пурра дастгирӣ ёфт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия