АШТ: Ифтитоҳи 5 иншооти ҷашнӣ ва боздид аз рафти сохтмони иншоотҳои дигар

 459 боздид

Субҳи имрӯз, санаи 26 июни соли ҷорӣ, дар идомаи сафари кории худ ба ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия ва сардори шӯъбаи дар ноҳияи Ашт будаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримов Абдусаттор аз рафти корҳои сохтмонии беморхонаи №5 ва бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 Ҷамоати деҳоти Понғоз, корҳои азнавсозии фермаи чорводории хоҷагии давлатии зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии ба номи Т.Эрйигитов, кудакистони хусусии соҳибкор Мадалиева Истамой барои 180 кудак дар ду баст, сехи қаннодии соҳибкор Дадоҷонов Шӯҳрат, маҷмааи фарҳангию фароғатии соҳибкор Мамадҷонов Шӯҳрат, бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №65 Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25 Ҷамоати деҳоти Ашт дидан намуда, бо сохтмончиён, ороишгарон, меъморон, гаҷкорон ва дигар масъулин суҳбат намуда, барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо, истифодаи унсурҳои миллӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ маслиҳату тавсияҳо доданд.
Нимаи дуюми рӯз меҳмонон дар ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Ашт ва Пунук 5 адад иншоотҳои таъиноти гуногун, ки бахшида ба 24 – солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Чунончӣ: дар деҳаи Хӯҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошоба мағозаи тиҷоратии фурӯши молҳои хоҷагӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Ворисов Юнусалӣ ба маблағи 250.000 (дусаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ.
Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт 2 иншооти ҷашнӣ:
Толори варзишӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Исмоилова Юлдузой ба маблағи зиёда аз 300.000 (сесад ҳазор) сомонӣ.
Маркази савдо аз тарафи соҳибкор Низомиддинов Насим ба маблағи 100.000 (сад ҳазор) сомонӣ
Инчунин дар деҳаи Пунуки Ҷамоати деҳоти Пунук 2 иншооти ҷашнӣ:
Маркази фароғатӣ — фарҳангӣ иборат аз ҳавзи шиноварӣ, катҳои дамгирӣ ва ҳуҷраҳои либосивазкунӣ аз тарафи соҳибкор Ҳалимов Ҳомид ба маблағи 250.000 (дусаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ.
Бинои 2 ошёна иборат аз мағозаи хӯрокворӣ ва меҳмонхона барои 10 нафар аз ҷониби соҳибкор Ҳоҷиқурбонов Алимардон ба маблағи 450.000 (чорсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар 5 иншооти ифтитоҳшуда 24 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.