АШТ: Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии маблағгузории хурди ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” дар Ҷамоати деҳоти Ориён

 248 боздид

Субҳи имрӯз, санаи 18 — уми ноябри соли равон дар маркази Ҷамоати деҳоти Ориён маркази хизматрасонии маблағгузории хурди ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” мавриди истифода қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, Сардори Раёсати рушди тиҷорати Саридора Султонов Фирдавс, директори филиали ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дар ноҳия Умарова Фариза ва сокинон иштирок доштанд.
Тавре ба мо иттиллоъ доданд, мақсад аз кушодани маркази хизматрасонии бонкӣ дар Ҷамоати мазкур, ин ба мардум беҳтару хубтар пешниҳод намудани хизматрасониҳои бонкӣ мебошад.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар суҳбат бо кормандони ин маркази хизматрасонӣ зикр дошт, ки дар муносибат бо мардум самимона бошанд ва хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумла пешниҳоди қарзро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зиёд намоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи амалии сиёсати хирадмандона дар тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаст.
Дастовардҳои зикршуда дар натиҷаи андешидани талошҳои дастаҷамъонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мардуми заҳматкаши кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, шарикони рушд, созмонҳои ҷамъиятӣ ба даст омаданд. Аз ҷумла, таъмини фаъолияти самараноку устувори низоми бонкӣ, дастгирии бонкҳо ва қарздиҳӣ, беҳтар кардани сатҳи сандуқи қарзии бонкҳо ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, дар рушду нумуи кишварамон ҳиссаи назаррас гузоштанд.
Дар натиҷаи татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва дастуру супоришҳои бевоститаи Сарвари кишвар, дар тамоми ноҳияҳои дурдасти мамлакат хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ташкил карда шуда, боиси беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ гардидааст.
Дар қатори дигар муассисаҳои бонкии кишвар, Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» дар рушди кишвар фаъолона иштирок дошта, ҳиссаи он дар давоми солҳои охир назаррас мегардад.
Намояндагии бонк дар ноҳия соли 2010 ташкил ва ба фаъолият оғоз намуда, дар давраи сипаришуда дар соҳаи хизматрасонии бонкӣ ба сокинон соҳиби мавқеи мустаҳкам ва обруву эътибори масхус гардидааст. Ҳоло дар маркази ноҳия филиал ва дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 3 Марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд. Дар сохторҳои бонк 29 нафар сокинони ноҳия, аз ҷумла 8 нафар занону духтарон ба кор ҷалб гардидаанд ва баҳри беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ ба аҳолии ноҳия саҳмгузорӣ намудаи стодаанд.
Боиси қайд мебошад, ки захираву имкониятҳои молиявии филиали бонк сол аз сол афзун гардида, дар бозори хизматрасониҳои бонкии ноҳия ҳиссаи он пайваста зиёд мегардад.
Дар нӯҳ моҳисоли 2021 ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пулакӣ мувофиқи ноҳия 65073,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 3210,1 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он баробари 100,1 % мебошад.
Имрӯз боиси қайд мебошад, ки боз як макрази хурди хизматрасони бонкии Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» дар ҷамоати деҳоти Ориён ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд, ки 4 нафар шаҳрванди ноҳияаамон аз ҷумла 1 нафар занон ба кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардида, дар кишвар бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди минбаъда, таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия боварии комил дорад, ки аҳли кормандони филиали Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар ноҳия, фаъолияти пурсамари худро идома дода, дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳия, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва татбиқи амалии вазифаҳои барномаҳои давлатӣ ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Дар ин ҷода ба ҳамаи Шумо бурдборӣ ва комёбиҳои бисёр таманно менамоям.
Мавриди зикр аст, ки дар ин Маркази хизматрасонии бонкӣ, хизматрасониҳои интиқоли маблағ, хизматрасониҳои хазинавӣ, пешбурди суратҳисобҳои амонатӣ ва амалиётҳои мубодилавӣ ба мардум пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин Маркази хизматрасонӣ 4 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, масъулин дар оняда нақша доранд бо баробари вусъат ва рушд ёфтани Маркази хизматрасонии бонкӣ миқдори кормандонро зиёд намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.