АШТ: Иҷлосия сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати шашум баргузор гардид

 1 056 боздид

22.09.2022 вақт: 9:00
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф Ҷаҳонгир Салимзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ кори худро оғоз намуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, таҳти №443, қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 апрели соли 2021, №184 ва қарори Раиси ноҳия аз 4 майи соли 2022, №140 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 вакил аз ҳавзаи интихоботии Қодир Расулзода №2 Аниса Ҷалилӣ баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома бошад, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хурокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷистон №15 Баҳоралиев Ҷасур Охунович сухан гуфт.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №40 Муҳидинзода Бурҳонидин Муҳидин оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ қарорҳои дахлдор пешниҳод ва қабул гардид.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома як қатор қарорҳои раиси ноҳия аз 13 июни соли 2022 то 22 сентябри соли 2022, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, ташкили фаъолияти самараноки муассисаҳои буҷавӣ маблағгузорӣ карда шудаанд, баррасӣ гардида, тасдиқ гардид.
Дар иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф Ҷаҳонгир Салимзода баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани самти фаъолият дар соҳаи маориф ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба назорат ва иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф баён кард.
Дар анҷом Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Пискокат №38 Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.