АШТ: ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ШУД

 457 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Баъди тариқи зинда сароидани Суруди миллӣ, интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома иҷлосия ба кори худ шурӯъ кард.
Мутобиқи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия “Таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП -1176 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуд.
Қайд карда шуд, ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия 42 адад иншоотҳои соҳавӣ, чун меҳмонхонаҳо, осорхона, табобатгоҳ, истироҳатгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ фаъолият доранд. Дар ҳудуди ноҳия 33 адад ёдгориҳои таърихӣ, чун “Масҷиди Сари Бозор”, “Мазори Чилдухтарон”, “Масҷиди Ҳаштсаҳоба”, “Меҳроби Ашт”, мавзеъҳои нотакрору ҷолиб, чун “Надок”, “Сардоб”, “Маздак”, “Бурси якка”, “Қалъаи Афросиёб” ва чанди дигар вуҷуд доранд. Ҳамчунин дар ноҳия ду иншооти марбут ба соҳаи сайёҳӣ: “Меҳмонхонаи Шайдон” (70 ҷой) ва табобатгоҳи “Аксикон” (262 ҷой) амал мекунанд.
Давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 327 нафар сайёҳон ба ноҳия ташриф овардаанд (соли пеш 55 н. буданд).
Дар ноҳия Маркази ҳунаромӯзии калонсолон, коргоҳҳои хурди “Ҳусноро”, “Гулдаста”, “Дилноза”, “Мумтоз” ва чанди дигар таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо занони хонашин бо ҳунарҳои мардумӣ, чун бофандагӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, ресандагӣ машғуланд. Дар ҳудуди ноҳия 7 Маркази таълимии истеҳсоли атласу адрас, 6 Маркази таълимии истеҳсолии қолинбофии дастӣ, 21 марказҳои намудҳои дигари ҳунармандӣ таъсис ёфтаанд ва теъдоди занони бо шуғл фаро гирифташуда 15 ҳазору 223 нафарро ташкил медиҳад. Тӯли муддати ҳисобӣ дар ноҳия аз ҷониби занони ҳунарманд 1114 метр атласу адрас (бештар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Ориён, Ошоба, Ашт, Понғоз) истеҳсол шудааст.
Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҷ.ш.Шайдон—бунёди 40 адад иншоот, ҷамоатҳои деҳоти Понғоз –44 адад, Меҳробод—22, Шодоба—38, Ифтихор—21, Ориён—30, Ашт—56, Ифтихор—21 ва Пунук—21 адад иншоот пешбинӣ шудааст.
Тайи чор моҳи соли равон бошад, дар ҳудуди ноҳия дар 12 иншоотҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар корҳои ободонӣ бо сарфи 2693 ҳазор сомонӣ ба анҷом расиданд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия “Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон” муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ маърӯза кард. А ҷониби ӯ вазъи эпидемиологии ноҳия бозгӯ карда шуд.
Қайд гардид, имрӯз 73 нафар сокинони ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шудаву 66 нафар шифо ёфтанд. Айни ҳол 4 нафар дар беморхона бо табобат фаро гирифта шудаанд. Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо дастгирии роҳбарияти ноҳия 30 000 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Паҳншавии ин беморӣ вакилон ва аъзоёни комиссияро водор менамояд, ки фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, корҳои профилактикӣ, муайян намудани бемориҳои сироятӣ, амалҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро ҷиҳати пешгирии бемории болозикр ва ҳам риояи кулли тавсияву қавоиди бозгӯшудаи мутахассисони соҳаи тиб доимӣ ба роҳ монда шавад.
Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома ширкаткунандагон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Маданият” №7 Муллоҷонова Дилафрӯз Рустамовнаро шуниданд. Вакил аз фаъолияти худ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, аёдати оилаҳои камбизоат маълумоти муфассал дод.
Масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” буд, ки аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ бозгӯ шуд. Комиссияи номгузории ноҳия аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия хоҳиш намуд, ки қарори Маҷлиси ҷ.д.Ифтихорро оид ба иваз намудани номи деҳаи Сарқамиш ба деҳаи Сарсабз ба мақомоти болоӣ пешниҳод ва ҳамчунин қарори маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро дар бораи иваз намудани номҳои 3 маҳалла, 6 чарогоҳ, 3 мавзеъ дастгирӣ ва тасдиқ намояд.
Аз рӯйи масъалаи панҷуми рӯзнома иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуд.
Раиси ноҳия ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба воқеӣ будани рақамҳои оморӣ дар самти ташрифи сайёҳон, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, таъсиси хатсайрҳо, ҷалби боз ҳам бештари занону духтарони хонашин ба азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои атласу адрасбофӣ, бо масъулияти баланд мубориза бурдан алайҳи бемории сироятии КОВИД-19 ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ дастандаркорони соҳаҳои марбутаро вазифадор намуд.
Дар анҷоми иҷлосия мудири шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и вилоят Абдуҷамил Раҳимов иштирок ва баромад намуд.
Бо ҳамин баъди садо додани Суруди миллӣ иҷлосия кори худро анҷом бахшид.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.