Субҳи имрӯз, 30-юми сентябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз 40 нафар вакилон 36 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд. Инчунин дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардухтурони беморхонаҳои марказию минтақавӣ ширкат варзиданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Озифхон Шарифзода мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок карданд.
Кори иҷлосияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №1 Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ҳусни оғоз бахшид.
Рӯзномаи зерини иҷлосия тасдиқ карда шуд:
1.Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2020 №101, қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 апрели соли 2021, №184 ва қарори Раиси ноҳия аз 7 майи соли 2021, №207 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” дар ноҳия.
2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хурокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ.
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №40 Муҳидинзода Бурҳониддин Муҳидин .
4.Оид ба номгузории обеъктҳои физикию ҷуғрофӣ.
5.Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2020 №101, қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 апрели соли 2021, №184 ва қарори Раиси ноҳия аз 7 майи соли 2021, №207 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” дар ноҳия муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хурокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ” вакил аз ҳавзаи интихоботии Маҳмудҷон Воҳидов №4, Воҳидов Иброгимҷон шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома “Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №40 Муҳидинзода Бурҳониддин Муҳидин оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” муовини Раиси ноҳия Раиси комиссияи номгузорӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Қодир Расулзода №2 Аниса Ҷалилӣ баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома як қатор қарорҳои раиси ноҳия аз 8 июли соли 2021 то 30 сентябри соли 2021, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, ташкили фаъолияти самараноки муассисаҳои буҷавӣ маблағгузорӣ карда шудаанд, баррасӣ гардида, тасдиқ гардид.
Дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён кард.
Дар охир раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №1 Зариф Мирдадо бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Иҷлосия дар руҳияи якдигарфаҳмӣ, дарки ҳамаҷонибаи вазифаҳои дар пешистода ва бо иштироки фаъолонаи аҳли толор доир гардид.
Бо ҳамин иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум кори худро анҷом дод.