Ашт: Иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

 716 боздид

Дар арафаи таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт чанд иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати агентии муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамоати деҳоти Меҳробод як кӯдакистон бо харҷи 60 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки минбаъд метавонад ба 60 нафар кӯдакон хизмат расонад.
Дар МТМУ №59-и ҷамоати деҳоти Ашт ду синфхонаи иловагӣ ҳамчун тӯҳфаи ҷашнӣ сохта мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шуд. Синфхонаи мазкур аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ бунёд гашта, барои 50 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин ду мағоза дар ҷамоати деҳоти Понғоз, як ошхона дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт ва як ошхонаи дигар дар ҷамоати шаҳраки Шайдон ба истифода дода шуд.

Аз тарафи соҳибкор Файзулло Отабоев дар ҷамоати деҳоти Шодоба бо харҷи 150 ҳазор сомонӣ майдончаи сунъии кушод сохта ба истифода дода шуд. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин майдонча ба ду нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам карда шуд.

Дар мавзеи Зартоби ҷамоати деҳоти Понғоз аҳолии маҳаллӣ бо харҷи 68 ҳазор сомонӣ хатти оби нӯшокӣ кашида, ба ин васила дастрасияшон ба оби тозаи нӯшокиро осон намуданд.
Дар ин рӯз дар мавзеи Понғози боло ба мумфаршкунии зиёда аз ду километр роҳ оғози расмӣ бахшида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.